Дар арафаи таҳлили ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистон, маркази этно-фарҳангии шаҳри Прииртишя рeзи ташкилёбии худро ҷашн гирифт. Соли 2013 иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикон «Ситораи Сомон» кушода шуд. Мо бо роҳбари он Ҳусайн Гулов дар хонаи дӯстии халқҳои вилоят, ки дар он зиёда аз 20 маркази этникӣ таҳти як нахории(шанырак) Ассамблеяи Халқи Қазоқистон (АХҚ) кор мекунанд, сӯҳбат хоҳем кард. Тоҷикони этникӣ дар минтақаи мо чӣ гуна зиндагӣ мекунанд, онҳо барои ҳифз ва рушди фарҳангҳои миллӣ чӣ сармоягузори мекунанд ва чаро дустӣ дар замони пандемия дастгири мардум шуд – маводи моро хонед.
Дар ҳуҷраи кории маркази этникии Хонаи Дeстӣ ширини бо чой нeшида истодаем. Ҳарчанд дар масофаи бехатар. Дар омади гап, миёни тоҷикон дар асрҳои миёна чораҳои пешгирии санитарӣ бомуваффақият амалӣ мешудааст.
— Замоне бинобар сабаби паҳншавии бемории вабо шаҳрҳо холӣ гашта буданд, одамони зиёд вафот карданд, онҳое ки зинда монданд ба чор тараф мегурехтанд – дар бораи ин факти таърихӣ раиси ТX «Ситораи Сомон», аъзои Шурои Ассамблеяи Халқи Қазоқистон Ҳусайн Шомаҳмадович Гулов нақл мекунад. – Шогирди Ибни Сино аз устодаш хоҳиш кард ки шаҳрро тарк кунад. Вай xавоб дод: мо мардумро табобат мекунем ва корро аз пешгирии беморӣ шурeъ кард. Одамонро таъкид мекард, ки ба гурeҳҳои калон xамъ нашаванд, яъне масофаи иxтимоиро риоя кунанд. Мегуфт ки ҳангоми сулфидан даҳони худро пeшонанд, зуд-зуд дастҳояшонро шeянд, беҳтараш бо оби сирко — Дар он замон маводҳои антисептики ба шакли имрeза вуxуд надошт. Камтар ба xойҳои xамъиятӣ ташриф оранд, ҳатто пешниҳод карда буд, ки дари масxидҳо баста шаванд ва мардум дар хона бимонанд. Ин аст худдуркунӣ. Сараввал, рeҳониён талаботҳояшро напазируфтанд, аммо баъд ба дуруст будани он бовар карданд.
Инак, мардуми Қазоқистон дар бораи Тоҷикистон чӣ медонанд? Мухтасар; Давлат дар Осиёи Марказӣ дар қаторкeҳҳои Помир. Бо Узбекистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Чин ҳамсарҳад аст. Пойтахташ шаҳри Душанбе. Аз чӣ сабаб бошад, ки олимон, файласуфон ва шоирони шинохтаи тоxикро «мутафаккирони Шарқ» меноман. Ҳарчанд ки рубоиёти Умари Хайём ва кашфиёти тиббии Абуали ибни Сино ба ҳама маълум аст. Вале ҳангоми шиносоии наздик шумо чизи дигареро кашф хоҳед кард. Сайёҳон бо як эҳсоси баланд аз ёдгориҳои меъмории шаҳрҳои бостонӣ ва тозагиву зебогии шаҳрҳои навинаш ёд мекунанд. Дар бораи зисту зиндагӣ ва меҳмоннавозии тоҷикон сухан мегeянд. Ҳаммаи ин моро ба ҳам меорад. Ва боз «муҳоҷирати меҳнатӣ».
Аз замони кушодашавии xамъияти этно-фарҳангии тоҷикон роҳбари он Ҳусайн Гулов дар вилояти Павлодар корҳои фаҳмондадиҳи мегузаронад, то мардумро бо фарҳангӣ тоҷикон ошно созад. Марказ ҳамчун ҷузъи xудонашавандаи АХҚ ба кор шурeъ кард. «Миёни мардум чунин андеша аст, ки: барои халқеро шинохтан бояд ба ботини e назар кард. Ҳусейн орзуи муттаҳидӣ ва дeстиро дорад, ки ин ҳадаф аз қадамҳои аввалини e дар АХҚ маълум шуда буд» — мегeяд роҳбари «Маркази славянӣ»-и вилоят Татяна Кузина дар яке аз чорабиниҳои «Ситораи Сомон».
Ҳамасола ҳамчун анъана иди харбуза дар доираи фестивали «Мо дар оилаи ягона зиндагӣ мекунем» дар боғи АХҚ баргузор мешавад. Ин идея рушд кард: соли 2019 дар Павлодар бо дастгирии сарпарастон қаҳвахонаи таъомҳои тоxикӣ «Помир» кушода шуд. Ҳаргуна чорабиниҳои хайриявӣ, барномаҳо дар телевизион ва радио, консертҳо баргузор карда мешавад. Соли 2016-ум бошад намоиши аксҳо бо номи «Орзуҳои шарқӣ» дар осорхонаи мусаввирии вилояти ҳаммаро ба ҳайрат овард. Аксҳои ҳамватанон, рангорангии либосҳои халқӣ, зебогиҳои табиат, шоҳкориҳои ҳунармандонро дар аксҳо меҳмон аз Душанбе, иштирокчии форуми xавонони «Бірлік – Единство.kz», корреспонденти байнидавлатии ширкати телевизион ва радиои «Мир», баррандаи бахши хабарии «Русская радио» Наргис Абдулназарова оварда буд.
Пандемия нақшаҳои кории марказро дар соли 2020 барбод бурд. Иди харбуза имсол баргузор нашуд, қаҳвахонаи «Помир» бошад баста шуд. Вале тоҷикони меҳнатдeст таслим шуданро одат накардаанд. Иттиҳодия якxо бо дигар марказҳои АХҚ дар корҳои волонтёрӣ иштирок мекунад. Ба xои фестивал ТҶ «Ситораи Сомон» барои кормандони тибб ва беморони шуъбаи муваққатии диспансери минтақавии зиддисилии Павлодар хeрокҳои миллӣ тайёр карда, ройгон таксим намуданд.
— Мо дидем, ки чӣ тавр кори табибон вазнин шуд – мегуяд Ҳусайн Гулов. – Воситаҳои эмин доштани саломатӣ – дастпушакҳо, ниқобҳо ва антисептикҳоро харидорӣ намудем. Фикр кардем, ки ин кам аст ва ба хулоса омадем, ки икдоми дигар кунем, ва таъомҳои болаззати хонагиро ба духтурон ва беморон тайёр карда додем. Ёрдам ба эҳтиёxмандон ҳамавақт расонида мешавад, бидуни таблиғот. Зиндагии муъмули: дар оилаи калон дастгирии якдигар муҳим аст. Аммо, на танҳо.
— Ҳадаф ин нест, ки танҳо ба худиҳо кeмак расонем. Чаро бояд одамонро аз руи кадом як нишонае xудо намоем, ҳол он ки ҳаммаи мо офаридаи як Офаридгорем, — мутмаин аст роҳбари ТX «Ситораи Сомон». – Набояд фаромeш кард, ки як кори хайри шумо сад маротиба зиёд шуда бармегардад. Ба наздики ба мо, барои кeмак як сокини павлодарӣ бо се фарзанд муроxиат кард. Вай тоҷикзан нест. Бо сабаби мушкилоти зиёди саломатӣ доштан кору фаъолият карда наметавонад, нафақа мегирад ва оилаашро бо ҳамин даромад мехeронаду мепeшонад. Мо ба онҳо маводи хeрока кeмак намудем. Ҳатто дар ҳолатҳои вазнин, ба мисли ҳозира пандемия набояд одамгариро фаромeш кард. Барои ман намунаи ибрат волидонам буданд. Бунёди инсон аз оила сарчашма мегирад.
Дар Тоҷикистон забони давлати тоxикӣ мебошад, вале забони русӣ мутобиқи талаботҳои Конститутсия ҳамчун забони муоширати байналмиллалӣ қабул шудааст. Агар саҳифаҳои китобҳои муосирро варақгардони карда, навиштаҳои шоирони бузург ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъди, Низомиро дида бароем, дар он марҳилаи гуногуни хатти тоxикиро дидан мумкин аст. Ин хатти форсӣ, лотинӣ ё кирилӣ аст. Ҳоло фикрҳо дар мавриди эҳёи хатти форсӣ зиёд гуфта мешавад.
Гулов коллексияи асбобҳои мусиқии миллӣ, либосҳои мардумӣ бо гулдузиҳои боҳашамат, маxмуаи асарҳои адибони маъруфро ба мо намоиш медиҳад. Аз ҳаминҳо ТX «Ситораи Сомон» оғоз ёфта буд.
— Давлатҳои бостонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ҳатто дар асрҳои то милод низ буданд, — мегeяд роҳбари маркази этникӣ Ҳусайн Гулов – Масалан, шаҳри бостонии Хуxанд таърихи 2,5ҳазор сола дорад! Дар асри 9 Исмоили Сомонӣ асосгузори аввалин давлати тоҷикон – давлати Сомониён мешавад. Ба хотири ҳамин мо қарор кардем, ки ба марказ ин номро гузорем, яъне «Ситораи Сомон», ҳамчун нишона аз ниёгон.
Дар аввал роҳҳои тиxоратӣ буд. Баъдан, дар асри ХХ – нақшаҳои бузурги ИXШС, ки онҳо аз xониби ҳамаи халқиятҳои собиқ шуравӣ сохта мешуданд.
– Дар ҳамон вақт дар Тоҷикистон мутахассисон кам буданд, — шарҳ медиҳад Ҳусайн Гулов. – Бо омадани ҳокимияти Шуравӣ таҳсилоти умумӣ пайдо шуд, халқ босавод мешуд. Сохтмони иншоотҳои калон оғоз ёфт.
Дар мо масxиду мадрасаҳои номдор зиёд буданд, вале дар Душанбе бошад асосан корвон саройҳо. Худи номи қишлоқи Душанбе аз аввали рeзи ҳафта «душанбе» гирифта шудааст. Аз ин макон роҳи бузурги Абрешим мегузашт. Рeзҳои душанбе дар қишлоқчаи Душанбе бозори калон ташкил мешуд.
Мутобиқи нишондодҳои таҳлили, дар вилояти Павлодар 362 нафар тоҷикони этникӣ зиндагони карда истодаанд. Чи тавр онҳо дар шимоли Казокистон пайдо шудаанд? Метавон ду давраро ном бурд: якумаш – замони собиқ ИXШС, дуюмаш – баъди солҳои 90-ум.
— Дар замони собиқ ИXШС мо ҳамчун муҳоxирони меҳнати корро инxо оғоз карда будем, — нақл мекунад Ҳусейн Гулов, ки дар шаҳри Павлодар аллакай 40 сол инxониб иқомат дорад. – Дар он замон одамонро ба миллатҳо xудо намекарданд. Одамон ба ин ҷо бо сабабҳои гуногун омада буданд – хизмати ҳарбӣ, тақсимот баъди хатми мактаби олӣ, сохтмони корхонаи азими трактор, барои кор дар заводи алюмин, ферросплав ва ғайрахо.
Баъди итмоми мактаб соли 1979-ум, ман ба Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба факултаи шарқшиносӣ дохил шудам. Таҳсилро то ба охир нарасонидам, зеро ба хизмати ҳарби даъват шудам ва онро дар Қазоқистон гузаштам. Дар шаҳри Павлодар хизматӣ ҳарбиро адо кардам, дар қисми низомии 6679, собиқадори ҳамин полк мебошам. Солҳои 1980-82-ум хизмати ҳарби, баъдан хизмати иловагӣ, баъдан хизмати пурраи ҳарбӣ.
Дар соли 2005-ум ба нафақа баромадам. Нафақахeри ВКД-и XҚ мебошам.
Даври дуюм солҳои 90-ум буд. Баъди пошхeрии ИXШС одамон аз xанги шаҳрвандӣ, ки тули 5 сол дар Тоҷикистон давом ёфт мегурехтанд.
— Баъди баровардани Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ ИXШС аз Афғонистон, дар он xо ба сари ҳокимият толибон омадаанд. Мехостанд бо роҳи фиреб Тоҷикистонро низ ба ҳамон тараф баранд, — мегуфт дар суҳбат Гулов.
— Задухурд сар шуд, яъне xанги шаҳрванди барои ҳокимияти давлати. Дар замони xанги бародаркуш дар Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор одамон кушта шуданд, ба дигар давлатҳо бошад зиёда аз 1,5 миллион шаҳрвандон муҳочират карданд. Ҳамин гуна тоҷикон дар шимоли Қазоқистон пайдо шуданд. Ёди он рeзҳо дардовар аст. Вале инро фаромeш набояд кард. Мо ҳамватанонро қабул мекардем.
Вакте xанг тамом шуд, эълон карданд, ки ҳамватанон баргардед, дар мо сулҳ барқарор шудааст! Бояд донем, ки бе ёрии якдигар мо ҳеч кор карда наметавонем. Одамон ба Ватан бармегаштанд.
Воқеан, ин омил ғайримустақим боиси ифтитоҳи марказ дар шаҳри Павлодар шуд. Павлодариҳо дар ёд доранд: кeфтани дар, ба саволи «шумо ки ҳастед?», xавоб «мо тоxикем». Ҳусайн Гулов мегуфт, ки аввали солҳои 90-ум ба ҳамватанони ба мушкили дарафтода ёри мерасониданд.
— Дарҳои хонаи ман қариб ки пeшида намешуданд, то замоне ки ба ман маълум шуд: вазъ на чунон аст, ки ман тасаввур мекунам – фаҳмонида истодааст e. – Дар ёд дорам, як рeз ба хонаам як марди xавон бо фарзандҳояш омада, аз ман кeмак хост. Ман бо забони тоxики ба онхо гуфтам, ки ба хона дароянд, ёри мерасонем, ғизо медиҳем.
Вай xавоб дод, ки «Бубахшед, намефаҳмам». Ман аз онҳо пурсон шудам, ки барои чӣ Шумоён худро тоxик муаррифи мекунед? Ман он лаҳза шарм кардам ва аламам омад. Тоxик дасти худро буррида мепартояду талбандагӣ намекунад.
Тоxик то баромадани арақи xабинаш кор мекунад, корҳои гуногунро иxро мекунад, то ки оилаашро хeронаду пeшонад! Дар ҳамон вақт хона ба хона дигар одамон мегаштанд – туркҳои месхетинҳо, люлиҳо ва ғайраҳо, ки онҳо низ аз сабаби зиндагонии вазнин Ватанро тарк карда буданд. Вале, на ҳама кeшиши пайдо кардани xои корро мекарданд, то худ ва оилаашонро таъмин намоянд.
Мушкили ин аст, ки дар Қазоқистон маълумот дар бораи тоҷикон ниҳоят кам аст. Ва замоне, ки мо мутаҳҳид шудем, сараввал корро аз шинос намудани мардум бо фарҳангӣ тоҷикон шурeъ кардем.
Баъди хизмати ҳарби Гулов метавонист ба Тоҷикистон баргардад. «Вале, — суханашро давом дода, — аз тақдир xои гурез нест.» Фанни дӯстдоштааш, яъне шарқшиносиро дигар дар тамоми макотиби олии ИXШС танҳо ба шакли таҳсилоти рeзона омeхтан мумкин буд-чӣ дар Маскав ва ё Ленинград.
— Он чӣ дар тақдират навишта шуда бошад, бояд иxро кард, — чунин меҳисобад раиси ТX «Ситораи Сомон». – Барои адои хизмат ба шаҳри Павлодар баргаштам. Дар ин xо оила барпо кардам. Завxаам қазоқзан мебошад. Фарзандонам бо хешовандони дар Тоҷикистон буда муошират мекунанд, зеро набояд аслу забони худро фаромeш кард, набояд алоқаро канд.
Сабаби сеюми ба манотиқи мо омадани тоҷикон — мавсимӣ ва ё муваққатист. Як сол пеш як воқеае ҳамаро дар Қазоқистону Тоҷикистон ба ҳаячон оварда буд. Дар роҳи автомобилгарди Павлодар — Қизилорда кормандони пулис автобуси вайронаеро диданд. Дар дохили он 43 мусофир – шаҳрвандони Тоҷикистон ва ду нафар ронандагони киргызтабор буданд. Онҳо аз Новокузнетски Руссия ба самти Қирғизистон рафта истода, дар иҳотаи барфи калон дармонданд. Мусофирони хунукхeрдаро кормандони пулис ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода наxот доданд.
Сабаб муҳоҷирати меҳнати аст, вале ҳолатҳо гуногун мешаванд. Павлодар — минтақаи наздисарҳади ва транзитӣ мебошад. Ба кор ба Россия рафта истода, дар роҳ, яъне дар минтакаи мо «дар мемонанд». Агар ҳуxxатҳо нодуруст бошанд, шахс бояд аз роҳаш баргардад. Онҳо барои гирифтани ёри ба назди ҳамватанон мераванд.
— Дар куxо, дар шаҳри ношинос метавон ҳамватанонро пайдо кард? Дар бозор ва ё масxид. Ҳоло дар бораи Ассамблеяи халқиятҳои Қазоқистон на хама медонанд — мегeяд Ҳусайн Гулов. – Вале дар охир ҳаммаи онҳо хоҳу нохоҳ ба ин ҳуҷраи кории ман ворид мешаванд.
Ҳамин гуна ду ҳафта қабл ба ман як марде муроxиат кард, ки вайро ба хонааш гусел намоем. Бо карогандиҳо алоқаи зич дорем ва онҳо мутобиқи шартнома 1-2 маротиба дар як моҳ хатсайри автобусро ташкил менамоянд. Ҳамаи муҳоxирони меҳнати бо ҳуxxатҳои зарури ба Ватан бармегарданд. Мо бошад кумак мекунем, то онҳо осуда мунтазири сафар бошанд, ҳуxxатҳояшонро ба тартиб дороварда ба Ватан баргаштанро бо воситаи Кароганда ёри мерасонем.
Сабаби бозгаштан — дар вайроннамоии қонунгузории муҳоҷирати мебошанд. Одатан дар марз муайян карда мешавад, ки ҳуxxатҳо камбудӣ доранд.
— Мо мефаҳмонем – қонун бояд риоя шавад, — мегeяд роҳбари иттиҳодияи этно-фарҳангии тоҷикон. — Ба Руссия бо воситаи Қазоқистон ба кор меравед – бояд қонунгузории меҳнат, кадом ҳуxxатҳо заруранд ва ҳоказоро омeхт. Масалан, дар он xо шаҳодатнома бояд харидори намуд ва xои корро аниқ нишон дод.
Дар ҳудуди Қазоқистон, мутобиқи қоидаҳои нав, барои дидорбинии шахсӣ, баъди ворид шудан ба ин минтақа, як моҳ иxозат дода шудааст. Агар барои кор кардан бошад, он гоҳ қоидаҳо дигар мешаванд: бояд боxро пардохт намуда, худро бақайд гирифтан лозим аст, барои фаъолият кардан иxозатномаи расмӣ бояд гирифт ва метавон баҳузур фаъолият кард. Бисёриҳо қоидаҳоро аз нодони вайрон менамоянд ва ё корфармо ҳолати надонистани қонунро аз xониби коргар фаҳмида, шартномаи меҳнатӣ намебандад.
Барои ҳамин, мо ҳама вақт корҳои фаҳмондадиҳи мебарем. Барои кор ба дигар давлат рафта истодаи –ҳуқуқ ва вазифаҳоятро омeз! Охир, вақте ки мо ба меҳмони меоем, одоб ва тартиби ин хонадонро риоя мекунем.Бинобар ин, алоқаи зич бо роҳбарияти пулиси муҳоxиратӣ ба роҳ монда шудааст.
Гулов якчанд маротиба пешниҳод кардааст, ки барои чунин ҳолатҳоякмакони махсуси xойгиркунии муваққатӣ ташкил карда шавад.
— Ба Қазоқистон аз Тоҷикистон бо шартномаҳои расмӣ меоянд, — нақл мекунад Гулов. – Инак, як гурeҳи калон барои сохтумони заводи электролизи ёрдами худро расонида буд. Вале, ҳоло бошад камтар меоянд. Коронавирус мушкили нав эxод кард.
Мо дида истодаем, ки тиxорат ба нести рафта истодааст. Ин масъаларо ман дар вохeри бо Раиси вилояти Павлодар монда будам. Истеҳсолкунандагон ва тоxирон касод шуда истодаанд, харидорон ягон чизродуруст харидорӣ карда наметавонанд, савдо бошад дармондааст.
Қарори духтури санитарию эпидемиологиро набояд вайрон кард. Вале, бояд ягон коре кард, ки ба одамон кeмак расонид.
Пандемия одамонро ба изтироб овардааст. Аз рeи авxгирии муноқишаҳо дар саросари xаҳон, баъзан мавзуи марзҳо оқибатҳои манфӣ дорад. Ва халқҳои асрҳо дар ҳамсоягӣ зиста ба бозиҳои сиёсатмадорон xалб карда мешаванд.
Раиси ТX «Ситораи Сомон» сатрҳои иқтибосшуда, ки тақрибан ҳазор сол пеш навишта шудаанд, қироат кард. Вале суханҳои Умари Хайём имрeзҳо низ мавқеи худро гум накардаанд:
«Он кас, ки дар хаёт мачрух гашт, у ба дастовардхои бештар ноил хохад шуд,
Пуд намаке, ки асалро кадр кардааст.
Он кас, ки ашк рехт, самимона механдад,
Ки дунёро падруд мегуфт, медонад, ки чи тавр зиндаги кард».
— Мутаассифона вақте, ки ба таърих назар накарда ҳудудҳоро «мебуранд», чунин саволҳо пайдо мешаванд. Халқи одди зиндагии осоишта дорад, вале баъзеҳо бо xомеа бозӣ карда, мушкилоти худро дар ҳокимият ҳалу фасл менамояд, — фикри шахсии худро Ҳусайн Гулов баён намуд. – Дар асри 21-ум ягона роҳи дурусти ҳалли масъала — ин гуфтушунид аст.
Баъзан сабабҳои иқтисодию сиёсӣ мардумро ба xанг мекашанд. Худи одамон бехабар иштирокчии бозиҳои баъзе гурeҳҳо мешаванд. Cолҳои 90-ум Тоҷикистон гирифтори ин гуна равандҳо шуда буд.
Барои ҳамин мо имрeз ба қадри сулҳ ва ҳаёти осоишта мерасем. Ҳоло диаспораи тоҷикони Қазоқистонро иттиҳодияҳои xамъиятӣ намояндагӣ мекунанд. Муошират мекунем, ҳамчун як оила зиндагӣ дорем.
Мо шукр мекунем, ки имконияти муттаҳид шуданро дорем, дастгирӣ ҳаст. Ин дeстии самимӣ аст. Xамъият кушода аст, мо мефаҳмем, ки бе ҳамкории осоишта дигар намешавад.
Фикр мекунам, ки дар ҳама давлатҳо бояд Ассамблеяи халқҳо кушода шавад. То ин ки одамон тавонанд беҳамто будани ҳар як инсонро қадр намоянд.
Данная публикация была подготовлена при финансовой поддержке Европейского Союза. Содержание данной публикации является предметом ответственности авторов газеты «Наша жизнь» и не отражает точку зрения Европейского Союза.
“Маводи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо таҳия шудааст. Масъулияти муҳтавои он ба зиммаи «Наша жизнь» вогузор шуда, мавқеи Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад”